ХОТИРАИ ДИЛОВАРИИ ЗАФАРМАНДОНИ ТОҶИК ПОЙДОР АСТ

Инак, 78 сол мешавад, ки ҳамасола рӯзи 9 май дар Тоҷикистон ба мисоли аксарияти давлатҳои паҳнои пасошӯравӣ ва ҷаҳон бо нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии размандагони Артиши Шӯравӣ, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд, ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар баробари дигар халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ матонату садоқати хешро ба халқу Ватан изҳор намуда, баҳри ҳифзи он ва ояндаи дурахшони мо ҷонбозиҳо кардаанд. Ҳамин аст, ки ба таъбири муҳтарам Пешвои муаззами миллат: “Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истисмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд”.

Ҳамзамон дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотирот нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд. ”

Мо ба қаҳрамониҳои гузаштагони худ, ки баҳри озодии Ватан-Модар ҷони худро дареғ надошта мардонавор бар зидди фашизм ҷангидаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб Иди Ғалабаро табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба Тоҷикистон фазои орому осуда таманно дорем.

 

Далер АЛИЗОДА,
раиси суди шаҳри Турсунзода