ДАВРАИ НАВРАСӢ ҲАССОС АСТ, ЭЪТИБОР МЕТАЛАБАД

Ҳар парвандаи ҷиноӣ нисбати ноболиғон мавриди баррасӣ дар суд қарор мегирад, ин боз як далели он аст, ки нисбат ба таълиму тарбия ва назорати рафтори ин ноболиғ аз ҷониби волидон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон ва атрофиён беаҳамиятӣ зоҳир гаштааст. Табиатан ҳеҷ як кӯдак аз модар ҳамчун як инсони ҷинояткор ба дунё намеояд. Ҳар гуна рафтору кирдор дар вуҷуди кӯдакон бо тарбия шакл мегирад.
Дар аксари мавридҳо омили ба ҷиноят даст задани наврасону ҷавононро мо дар муҳити носолими хонаводаи онҳо мебинем. Яъне ё падар ё модар дар тарбияи ӯ даст надорад. Дар мавридҳои дигар падари хонавода майхора ва нашъаманд асту дар хонадон ҳамеша муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд. Ҳолатҳои дигар, падар ё модар ва ё ҳарду дар муҳоҷирати меҳнатанду тарбияи фарзанди ноболиғи онҳо бар дӯши яке аз наздикон ва хешовандон мондааст. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо тарбияи наврасон ва назорати рафтори онҳо аз маркази эътибор дур монда, танҳо пас аз содир шудани ҷиноят аз ҷониби онҳо масъулин ба давраҳои охири вақтгузаронӣ ва шароиту муҳити таълиму тарбияи ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Маъмулан, танқисии молиявӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ омили содир шудани ҷиноят аст.
Мутаассифона, дар рафти фаъолияти судӣ ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки наврас ва ё ҷавони ҷиноятсодирнамуда аз оилаи солим буда, ниёз ба эҳтиёҷоти моддӣ надорад. Пас, боз кадом омил сабаб гаштааст, ки ӯ даст ба ҷиноят задааст?
Дар рафти тафтишот то мурофиаи судӣ маълум мегардад, ки истифодаи беназорат ва беҳудуди шабакаҳои интернетӣ, дастрасии наврасон ба сайтҳои хусусияти зӯроварӣ ва фаҳшдошта низ ба ҳолати равонии наврасон таъсир карда, онҳоро ба содир намудани ҷиноятҳои хусусияти зӯроварӣ ва хушунатдошта таҳрик менамоянд ва боиси костагии ахлоқи онҳо мегарданд.
Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои сиёсии ифротгаро ҷалб карда мешаванд. Ҳолати фирефта шудани ҷавоне на танҳо барои худ ва оилаи ӯ фоҷиа, балки барои ҷомеа низ паёмади нохуш ва хавфи парокандагӣ меорад.
Давраи наврасӣ ва ҷавонӣ давраи ҳассос буда, эътибори калонсолон ва умуман, ҷомеаро металабад. Дар ин давра, наврасону ҷавонон, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, тахти таъсири омилҳои гуфташуда, ба ҳар гуна равияву падидаҳои номатлуб мегараванд, зуд ба доми мубаллиғону мушаввиқони гурӯҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд.
Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳону кишвар тақозо мекунад, ки ҳар як шахси солимфикр ва оқил бояд ба хотири тарбияи насли солими ҷомеа, устувории ояндаи давлату миллат, ташкили ҷомеаи солим, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад.

 

Манучеҳр Назарзода,
судяи суди шаҳри Турсунзода