COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,1%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 4 сентябр ба 8724 нафар расид.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат 7515 ё худ 86,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 69 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 33 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.