БЕЭЪТИНОИИ МАСЪУЛИН ОМИЛИ АВБОШИВУ ҒОРАТГАРӢ ШУД

Ҳар як ҷиноят, ҳар як кирдори хилофи одобу тартибот, ҳар як падидаи номатлуб омилеро дорост, ки дар натиҷаи беэътиноӣ, нодида гирифтан, “баъдтар мебинемаш” гуфтанҳо сар мезанад.
Мисол, кирдори шахсе мавриди баррасиву таҳлил дар суди шаҳри Турсунзода қарор гирифт, ки яке аз омилҳои содир шуданаш дар сатҳи паст қарор доштани корҳои ташвиқу тарғиботӣ бобати пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳои барои авбошӣ ва ғоратгарӣ аз ҷониби нозирони минтақавӣ (дар ҳолати мазкур нозирони минтақавии Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода) мебошад.
Амалан, судшаванда Ш.С.З. дар санаи 17 октябри соли 2022 дар ҳолати мастӣ, ҳангоми- дар хобгоҳи ҶСК “Регар” қарор доштанаш, бо шаҳрвандон М.Ҷ.Д. ва З.М.Х. ҷангу ҷанҷол карда, ҳардуи онҳоро дашному суханони қабеҳ намуда, мавриди лату куб қарор медиҳад.
Аз нодида гирифтани аҳли ҷомеа “шердил шуда” боз ӯ такроран санаи 13 ноябри соли 2022 ҳамроҳи М. ном шахси ба тафтишот номаълум савори мусофирбари Ҳ.А.А. ном шахс шуда, бо мақсади “дами беғам задан” ба самти ноҳияи Шаҳринав мераванд. Дар нимароҳ бо маслиҳати пешакӣ ба Ҳ.А.А. дарафтода ӯро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷайби шимаш, шиноснома, маблағи 300 сомонӣ пули нақд, як адад телефони истифодашудаи “Самсунг”, арзишаш 1000 сомонро тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд, ки дар натиҷа, бо ин кирдорашон ба шаҳрванд Ҳ. А.А, ҷамъ ба маблағи 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Инҷо бо сабабҳои маълум тафсилоти ҷиноятро наовардем. Бо назардошти тамоми далелу санадҳо суд ба Ш.С.З. бо моддаи 237 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол, бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г”-и ҳамин Кодекс ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол ва бо моддаи 339 қисми 1-и санади мазкур ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20% музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин кард.
Дар асоси моддаи 67 қисми 3 ва 69 қисми 1, банди «в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба Ш.С.З. бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр муқаррар гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳолати мазкур ташвишовар буда, сиёсати пешгирифтаи давлат ва принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятиро коста гардонида, боиси ба шумор зиёд гардидани ин намуди ҷиноят мегардад.
Аз ин рӯ, бояд кордониву масъулиятшиносӣ, худшиносии милливу ватандӯстии кормандону нозирони минтақавро дар деҳоти Сешанбе боло бурда, чораандешӣ бояд кард, ки номбурдагон барои таъмини адолати иҷтимоӣ саҳми босазо гузоранд.

 

Акбаралӣ Сафарзода,
муовини раиси суди шаҳри Турсунзода