БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

31-сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф гашт. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас, иди давлатӣ маҳсуб меёбад.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст».
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона созем ва роҳи худро интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ буда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мугамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардидем.
Истиқлолияти давлатӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор гардид, ки он унвони «Иҷлосияи такдирсоз»-ро гирифт. Зеро ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари давлат овард, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кориашон тамоми нерӯву тавониашонро барои ободии диёр равона сохтанд.
24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.
Дар иҷлосияҳои навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқгисодӣ-иҷтимоии мамлакат як қатор дигаргуниҳои куллӣ дароварда шуданд.
7-уми сентябри соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард.
6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана таҷлил мегардад.
Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Пешвои миллат ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.
Яке аз дастоварди бузурги соҳибистиқлолӣ ин аст, ки Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Ин шаҳодат аз он аст, ки мардуми хушиқболи ин сарзамини адабпарвар бо роҳбарии Пешвои хирадпешаи хеш ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанг арҷи махсус мегузорад.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳгиром аст. Шукргузор аз онам, ки миллати бузурги тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардидааст.

З.ИБРОҲИМЗОДА,
судяи Суди шаҳри Турсунзода