АЗ ТОЛОРИ СУД

Санаи 17 августи соли 2020 дар маҷлиси сайёри суд, дар ҳудуди ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ва бинои суди шаҳр, дар ҳайъати раисикунанда муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода Вализода Р. бо котибии Ҷобирзода М.Ҷ. ва айбдоркунандаи давлатӣ Комилзода Т., парвандаи ҷиноятӣ нисбати Якубов С.Х., санаи таваллудаш 07 июли соли 1998, зода ва сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Сешанбе, деҳаи Дурбед, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад,  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 244 қисми 2 банди «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, номбурда бо моддаи 244 қисми 2 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 63-и ҳамин Кодекс ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 (яксаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 8700 (ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Якубов С.Х. барои он маҳкум карда шуд, ки номбурда санаи 09 майи соли 2020, тахминан соати 22 ба 23 ғайриқонунӣ, тавассути девори қисмати ғарбии дохили Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи тоҷик” даромада, аз торикии шаб ва набудани атрофиён истифода намуда як миқдор маводи сӯзишвории “Аноди сӯхта” ҷамъоварӣ намудааст. Баъдан кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 11 майи соли 2020, тахминан соатҳои 22 ба 23 шаб аз набудани атрофиён ва торикии шаб истифода карда, ба ҷойи пештарааш вориди ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” гардидааст. Худи ҳамон шаб як миқдор маводҳои бо тариқи пинҳонӣ тасарруф намудаашро ба болои девори онҷо ба қади роҳи мошингарди қисмати ғарбии ҷамъияти номбурда бароварда, шаҳрванд Ҷобиров С.П.-ро тариқи телефонӣ даъват намудааст, ки охирин бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-Сиелло”, рақами бақайдгирии давлатиаш 23-97 ВЕ 07 ҳозир шуда, бо автомашинаи охирин мақсади маводҳои дуздидаашро ба хонаи истиқоматиаш бурданро кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШКҶ ШВКД дар шаҳри Турсунзода, дар роҳи мошингард автомашинаи онҳо дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ дарёфт ва гирифта шудаанд, ки тибқи роҳхати таҳти №414 аз 12.05.2020 сол, далелҳои шайъӣ ба маводи сӯзишвории “Аноди сӯхта” дохил шуда, миқдори 1000 кг-ро ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи дуздӣ ба ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” ба маблағи 800 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.

 

Вализода Р.
Муовини якуми Раиси
суди шаҳри Турсунзода