ҶАМЪБАСТИ таҷрибаи кори суди шаҳри Турсунзода оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ гардидаанд

ҶАМЪБАСТИ

таҷрибаи кори суди шаҳри Турсунзода оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ гардидаанд

 

Дар асоси банди 3-и  Нақшаи кории суди шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2019 ҷамъбастии таҷрибаи кори суди шаҳри Турсунзода оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ гардидаанд, гузаронида шуд.

Муайян карда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Турсунзода 25 парвандаи ҷиноятӣ бо қисмҳои гуногуни моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз он 21 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 28 нафар моҳиятан баррасӣ карда шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ ба давраи нимсолаи дуюми соли 2019 боқӣ монданд.

Аз шумораи умумии парвандаи ҷиноятии баррасишуда 6 адад дар маҷлисҳои сайёри суд баррасӣ карда шуда, аз натиҷаи баррасии 15 парванда таъинотҳои хусусӣ қабул карда шуданд.

Ҷамъбастӣ нишон дод, ки ҳангоми баррасии ин категорияи парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ камбудиҳо ба назар мерасанд.

Чунончӣ, тибқи талаботи моддаи 145 қисми 5 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор оид ба ариза ва иттилоот дар бораи љиноят бояд дар муҳлати на дертар аз се шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани ариза ва иттилоот ќабул карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурї прокурор барои гирифтани нишондоди иловагии шахси аризадиҳанда, талаб карда гирифтани ҳуљљатҳо, азназаргузаронии љои ҳодиса ин муҳлатро то даҳ шабонарўз дароз карда метавонад.

Аммо омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон дод, ки талаботи мазкури қонун на ҳама вақт аз тарафи шахсони масъул риоя карда мешаванд.

Масалан, аз парвандаи ҷиноятӣ нисбати Н.А.У. ва К.О.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҷиноят санаи 22 ноябри соли 2018 содир шудааст. Бо иҷозати муовини прокурори шаҳри Турсунзода аз 26 ноябри соли 2018 муҳлати санҷиши ариза ва қабули қарор то 03 декабри соли 2018 дароз карда шудааст. Санаи 01 декабри соли 2018 маводи санҷишӣ барои қабули қарор ба собиқ муфаттиши калони ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода супорида шудааст. Аммо аз тарафи охирин ба кашолкорӣ роҳ дода шуда, танҳо 10 декабри соли 2018, яъне пас аз 18 рӯзи содиршавии ҷиноят ва пас аз 10 рӯзи ба истеҳсолоти худ қабул намудани маводи санҷишӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳол он, ки мувофиқи гузориши НМ НҲТҶ ШВКД дар шаҳри Турсунзода оиди мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят дар кирдори Н.А.У. ва К.О.С. муайян карда шудааст.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятии мазкур аризаи ҷабрдида Б.М.С. ба унвонии сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода мавҷуд буда, вале он ба қайд гирифта нашудааст. Парвандаи ҷиноятӣ дар асоси аризаи худи маҳкумшуда Н.А.У. оғоз карда шудааст.

Ё ин, ки аз парвандаи ҷиноятӣ нисбати Н.Р.Х. бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҷиноят санаи 07 октябри соли 2018 содир шуда, рӯзи 08 октябри соли 2018 аризаи ҷабрдида И.Н.Х. ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода ворид гардидааст. Бо иҷозати муовини прокурори шаҳри Турсунзода аз 11 октябри соли 2018 муҳлати санҷиши ариза ва қабули қарор то 18 октябри соли 2018 дароз карда шудааст. Санаи 13 октябри соли 2018 маводи санҷишӣ барои қабули қарор ба муфаттиши ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода супорида шудааст. Аммо аз тарафи охирин ба кашолкорӣ роҳ дода шуда, танҳо 18 октябри соли 2018, яъне пас аз 11 рӯзи содиршавии ҷиноят ва пас аз 5 рӯзи ба истеҳсолоти худ қабул намудани маводи санҷишӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳол он, ки мувофиқи гузориши НМ НҲТҶ ШВКД дар шаҳри Турсунзода оиди мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят дар кирдори Насирова Р.Х. муайян карда шудааст.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки бо қарорҳои муфаттиш аз 07 декабри соли 2018 қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати И.Н.Х. бинобар дар ҳаракатҳояш мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Н.С.М. бошад бинобар дар ҳаракатҳояш мавҷуд будани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҳамчун мавод ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шудааст.

Вале, нисбати шахсони мазкур минбаъд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст ва чунин парвандаҳои ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ворид нагардидааст.

Чунин ҳолат вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Н.А.У. ва К.О.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуд буда, бо қарори муфаттиши калони ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода аз 05 феврали соли 2019 қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати Б.М.С. ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шуда, вале натиҷаи он номаълум мебошад.

Оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғ.Э.А. бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори таҳқиқотчии калони ШВКД дар шаҳри Турсунзода аз 27 феврали соли 2019 қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғ.И.А. бинобар дар ҳаракатҳояш мавҷуд будани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба пешбурди алоҳида ҷудо карда шудааст. Вале, нисбати ӯ минбаъд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст ва чунин парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ворид нагардидааст.

Ғайр аз ин, омӯзиши дигар парвандаҳои ҷиноятӣ низ нишон дод, ки аз тарафи баъзе нозирони минтақавӣ, таҳқиқотчӣ ва муфаттишони ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода талаботи меъёри дар боло зикршуда риоя карда нашуда, бе сабабҳои узрнок ин муҳлат дароз карда шуда, дар натиҷа ба кашолкориҳо роҳ дода мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 208 қисми 5 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон то фиристодани ќарори таъини экспертиза ба муассисаи экспертизаи судї муфаттиш вазифадор аст, ки бо он гумонбаршуда, айбдоршаванда, љабрдида, ҳамчунин шоҳидеро, ки таҳти экспертиза ќарор мегирад, шинос намояд ва ба онҳо ҳуќуќи дар моддаи 210 Кодекси мазкур муќарраршударо фаҳмонад. Дар ин бобат протокол тартиб дода, аз тарафи муфаттиш ва шахсе, ки бо ќарор шинос карда шудааст, имзо карда мешавад.

Аммо омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон дод, ки аз тарафи на ҳамаи муфаттишон талаботи мазкур риоя карда мешаванд.

Масалан, омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати парвандаи ҷиноятӣ нисбати Н.А.У. ва К.О.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки оид ба парвандаи мазкур аз ҷониби муфаттиши калони ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо қарорҳо аз 28 декабри соли 2018 се экспертизаи судӣ-тиббӣ таъин гардида, хулосаи онҳо мавҷуд мебошанд. Аммо муфаттиш бо қарор оиди таъин кардани экспертиза ва хулосаи он танҳо ҷабрдида Б.М.С.-ро сари вақт шинос намуда, айбдоршавандагонро бошад танҳо санаи 14 январи соли 2019 шинос намудааст ва бо ин ҳуқуқҳои онҳо дағалона поймол карда шудааст.

Чунин камбудӣ дар фаъолияти таҳқиқотчии калони ШВКД дар шаҳри Турсунзода оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғ.Э.А. бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасад.

Ҷамъбастӣ нишон дод, ки аз ҷониби муфаттишон ва таҳқиқбарандагон амалҳои тафтишотӣ ва таҳқиқ дар баъзе ҳолатҳо рӯякӣ гузаронида шуда, бо ин талаботи қонунгузории мурофиаии ҷиноятӣ дағалона вайрон карда мешавад.

Масалан, омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ю.Б.Т. ва Ю.Ш.Т. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки аз ҷониби муфаттиши ШТ ШВКД дар шаҳри Турсунзода санаи 13 феврали соли 2019 протоколи азназаргузаронии чизҳо тартиб дода шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 183 қисми 1 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронӣ бо иштироки шахсони холис сурат мегирад.

Мувофиқи протоколи азаназаргузаронӣ, он бо иштироки шахсони холис С.Ҳ.М. ва З.У.С. гузаронида шудааст. Вале, дар асл бошад С.Ҳ.М. ҳангоми азназаргузаронӣ умуман иштирок накарда, дар протокол имзои ӯ вуҷуд надорад.

Аз рӯи талаботи моддаи 172 қисми 5 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи амали тафтишотӣ барои шиносоӣ ба ҳамаи шахсоне, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок доштанд, пешниҳод карда мешавад.

Инчунин, тибқи талаботи қисми 6-и моддаи мазкур ҳар як саҳифаи протокол аз ҷониби муфаттиш, шахси пурсидашуда, тарҷумон, мутахассис, шахсони холис ва дигар шахсони иштирокчии амали тафтишӣ имзо карда мешавад.

Аз тарафи нозири минтақавии ШМД Пахтаободи ШВКД дар шаҳри Турсунзода оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати С.С.С. санаи 23 январи соли 2019 протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса тартиб дода шуда, талаботи дар боло зикршуда оиди имзои ҳар як саҳифаи протокол риоя карда нашудааст. Бар замми ин, имзои С.С.С., ки иштирокчии бевоситаи ин амали тафтишотӣ мебошад, дар протокол умуман мавҷуд намебошад.

Ҳангоми баррасии ин категорияи парвандаҳо аз тарафи судяҳои суди шаҳри Турсунзода муҳлати баррасӣ пурра риоя карда шудааст.

Ҷамъбастии гузаронида нишон дод, ки ҷиноятҳои авбошӣ асосан аз тарафи сокинони шаҳри Турсунзода, Ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Навобод ва Пахтаобод содир карда шуданд. Боиси ташвишовар аст, ки аз шумораи умумии 28 нафар маҳкумшудагон 14 нафарро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз тарафи масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода ва Ҷамоатҳои деҳотии Қаратоғ, Навобод ва Пахтаободи шаҳри Турсунзода баҳри пешгирӣ намудани содиршавии љиноят ва дигар ҳуќуќвайронкуниҳои маъмурї аз тарафи сокинон чораҳои зарурї андешида намешаванд.

Натиҷаи ҷамъбастӣ дар маҷлиси судяҳо ва кормандони суди шаҳри Турсунзода мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода шуда, оид ба камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ ҷойдошта ба унвони прокурори шаҳри Турсунзода ва сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода пешниҳод ирсол карда шуд.

Инчунин, барои пешгирӣ намудани сабаб ва шароитҳое, ки барои содиршавии ҷиноят мусоидат мекунанд, ба унвони сардорони Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода ва раисони Ҷамоатҳои деҳотҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол карда шуд.

 

 

 

Муовини якуми Раиси

суди шаҳри Турсунзода                                                  

 

Вализода Р.