ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

Ҷахони имрўза ба мавҷи хушунатбори гурўххои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷех гашта, солхои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар падидахои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гаштаанд дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи сохибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.

Падидахои мазкур дар замони имрўза аз ҷумлаи умдарин мушкилот ва проблемахои умумиҷахонӣ махсуб гардида, таваҷҷухи на танхо як давлат ва ё минтақаи алохида, балки кулли ҷомеаи башариро тақозо дорад. Мусаллам аст, ки натоиҷи аслӣ дар пасманзари муборизаву муқовимат бо падидахои мазкур танхо дар доираи хамкориву хамгироии доираи васеаи давлатхо ва созмонхои минтақавиву байналмилалӣ метавонад самари мусбӣ ва фаъол дошта бошад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумхурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷахонӣ аз хатару тахдиди терроризми байналмилалӣ бетараф буда наметавонад ва дар ин росто яке аз кишварњои калидї дар самти муќовимат ва чораандешї доир ба аз байн бурдани он мебошад. Яъне, Ҷумхурии Тоҷикистон бо эњсоси тањдидњои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллї ва рушди босуботи худ бо пайгирї аз љомеаи љањонї ва кишварњои минтаќа, муборизаро дар ин самт пурзўр менамояд.

Созмонњои экстремистию террористї фаъолияташонро вобаста ба пањн намудани ѓояњои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазњабї дар љомеа, ба сафњои худ љалб намудани љавонон ва содир намудани љиноятњои дорои хусусияти экстремистї ва террористї пурзўр намуда, мехоњанд сохти љамъиятї-сиёсии ин ё он кишварро бо роњи зўроварї таѓйир дињанд.

Таљрибаи байналмилалї ва дохилидавлатии муќовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффаќ шудан дар ин љода тањия ва амалї намудани чорабинињои маљмўї барои бартараф намудани омилњои мафкуравї, иќтисодї-иљтимої ва њуќуќии фаъолшавии онњо равонашударо таќозо менамояд.

Пўшида нест, ки дар раванди љањонишавї ва бархўрди тамаддунњо вазъият дар баъзе манотиќи курраи замин, алалхусус, мамлакатњои мусалмоннишин ба таври куллї таѓйир ёфта, љангу хунрезињо мушоњида карда мешавад ва ба њамагон маълум аст, ки ин гурўњњои террористї барои анљоми аъмоли вањшиёнаи хеш ба мазњабу дин такя мекунанд, вале куштору ѓоратгарї, вањшоният, хунрезї, одамрабої ва хатарэљодкунї нисбати ањолии осоишта бо арзишњои динї, бавижа дини мубини Ислом алоќамандие надоранд.

Дарки њамин мафњумњои дар боло зикршуда аст, ки Роњбари муаззами кишварамон аз аксар минбарњои баланди байналмилалї ва инчунин дар Паёмњои хеш ба Маљлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро мањкум намуда, аз дину мазњаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки терроризм ва экстремизми муосир дар дањсолањои охир бо прогресси илмї њамќадам ва дорои яроќу аслињањои гуногуннамуди ќатли ом гашта, њатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзњои интиќоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиѓотиро низ ба даст овардааст.

Њаёти воќеї нишон медињад, ки терроризм ба амнияти љомеа ба таври муътадил фаъолият намудани маќомоти њокимият, инчунин ба њаёт ва саломатии шањрвандон хавфу хатари љиддї эљод мекунад. Ин падидаи манфї имрўз яке аз амалњои бенињоят хатарнок шинохта шуда, њамчун љинояти дорои хусусияти байналмилалї эътироф карда мешавад.

Дар ин баробар дар шароити кунунї вазифаи њар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусулмон, алалхусус љавонон, ки њамчун неруи асосии пешбарандаи љомеа мањсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўњњои манфиатљўйе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медињанд ва тундгароиро омили њифзи ислом муаррифї мекунанд, худдорї намоянд. Зеро дар натиљаи гароиш ба ин гуна њизбу њаракатњои радикаливу террористї њам љони худро аз даст медињанд ва њам сабаби аз байн бурдани љони њазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд хар як шахрванд, хар як фарди ин ҷомеа барои хифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

 

Рахимҷон ВАЛИЗОДА,

муовини якуми раиси

суди шахри Турсунзода.                                                               манба хафтаномаи «Диёри Турсунзода»