ИСТИҚЛОЛИЯТ — САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН
Истиқлолият яке аз муқаддастарин ва гаронбаҳотарин неъматҳоест, ки ҳар миллат барои ба даст овардани он талош мекунад. Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад сарнавишташро худаш муайян кунад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро рушд диҳад, аз сарвату имконияти табиӣ баҳра барад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватанаш ифтихор намояд.
Тоҷикистон баъд аз ҳазорсолаҳо мубориза ва талошҳои фарзандони фидоии миллат 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рўйдоди сарнавиштсоз сабт шудааст. Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, то давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоем, сиёсати хориҷии мустақилро пеш барем ва ҳувияти миллии худро эҳё кунем.
Давоми зиёда аз се даҳсола Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, эътидоли сиёсӣ барқарор гардид, иқтисоди миллӣ рушд ёфт, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илм беҳтар шуданд. Ва ин ҳама бо шарофати истиқлолият ва заҳмату талошҳои мардуми ватандўсту сарбаланд ва фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки аксарияти кишварҳои тозаистиқлол барои таҳкими давлатдории навин ба шахсиятҳои барҷаста ва сиёсати дурандешона ниёз доштанд. Барои Тоҷикистон чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд — роҳбаре, ки дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият зимоми давлатро ба даст гирифта, бо ақли расо, иродаи қавӣ ва дўст доштани миллат Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд.
Соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷумлае, ки то имрўз рамзи садоқат ба Ватан шудааст, чунин гуфтанд:
«Ман ба Шумо сулҳ меорам!»
Ин на як шиор, балки оғози амал буд — амали ваҳдат, сулҳ, шикастани девори кинаю хусумат ва бунёди давлати миллӣ.
Ин ҷумлаи пур аз самимият дар рўзҳои душвору мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик боварӣ ва ба фардои Тоҷикистон умед бахшид.
Дар даврони истиқлолият бо заҳматҳои шабонарўзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёд ба анҷом расида истодаанд.
Сохтани давлат танҳо эъломи истиқлол нест. Барои идораи давлати навин роҳбар бояд дорои фаҳми васеи сиёсӣ, тафаккури стратегӣ ва сипари ахлоқӣ бошад. Миллати тоҷик хушбахт аст, ки чунин фарзанди содиқу ватандўст ва роҳбар дорад. Пешвои миллат намунаи шахсияти сиёсиест, ки дар баробари роҳбарӣ, ба тарбияи насли наврас, ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардум аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Имрўз Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ба сўи марҳилаи нав — давраи саноатикунонии босуръат, рушду таҳкими соҳаҳои ҳаётии мамлакат ва амалӣ кардани ҳадафҳои стратегии миллӣ қадам мезанад. Ҳар иқдоми наве, ки гирифта мешавад, заминаи мустақим ба пойдории истиқлолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дорад.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сўи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат — шахсияти таърихиест, ки ин истиқлолиятро на танҳо нигоҳ дошт, балки ба он мазмуну муҳтаво, рушд ва ояндасозӣ бахшид.
Истиқлолият барои миллати тоҷик гардиши сарнавиштсоз буд, ки бо он миллати куҳанбунёди мо соҳиби давлатдории навин ва имкони муайян кардани роҳи худ гардид. Давоми беш аз сӣ соли истиқлолият Тоҷикистон аз мамлакати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, рушдёбанда ва устувор табдил ёфт.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмати шабонарўзӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нигоҳ доштани истиқлолият ва рушди минбаъдаи он масъулияти на танҳо ҳукумат, балки ҳар шаҳрванди мамлакат аст. Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рў, ҳар фарди тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро бо ифтихор қадр намуда, дар ободии Ватан ва пойдории истиқлолият саҳм гузорад.
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати мост. Онро бояд ҳамчун сарвати гаронбаҳотарин ҳифз кунем, пос дорем ва ба наслҳои оянда бо сари баланд ба мерос гузорем.
Далер Ализода,
раиси суди шахри Турсунзода манба хафтаномаи
«Диёри Турсунзода«
Суди шаҳри Турсунзода 




