ОМИЛИ ВАТАНДОРИ, ОСОИШТАИ МАРДУМ

 

Холо чахони муосир пур аз тазодхо аст. Муборизахо барои дарёфти манфиатхои сиёси, харби, геополитики ва иќтисоди шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият Чумхурии Точикистонро зарур аст, ки дар масъалаи баланд бардоштани эхсоси хештаншиноси, ватандўстию садоќат ба давлату миллат дар маркази диќќати хамаи ниходхои давлати ва чомеаи шахрванди ќарор дошта бошад.

Дар робита ба ин, дар яке аз суханронихои хеш Президенти Чумхурии Точикистон муњтарам Эмомали Рахмон иброз намуданд, ки «равандхои манфию хатарборе, ки холо чахони муосирро тахти таъсир ќарор додаанд, хусусан мухолифатхои шадид байни абарќудратхо, аз нав авч гирифтани мусаллахшавии бошитоб, «чанги сард», инчунин густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонхои террористию экстремисти аз хар хизматчии харби сатхи баланди омодабоши, махорату малакаи касби, хисси ватандўстию ватанпарасти, часорату далери ва мардонагию фидокори талаб менамоянд. Хифзи Ватан ва химояи хаёти осоиштаи мардум дар хар давру замон барои хар шахрванди огоху сохибватан ва чавонмардони бонангу номус вазифаи муќаддас ва пуршараф ба хисоб меравад».

  Дар раванди давлатсозии миллї шаклњои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандўстї масъалаи нињоят муњим ба шумор меравад. Дар таърих ватандўстї ба сифати падидаи иљтимої барои таъсиррасонї ба шуури сиёсии шањрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски љањони мутамаддин дар тањаввулоти њамешагї ќарор дорад, дар мафкураи шањрвандон љой намуда тавонистани њисси ватандўстию ватанпарастї барои амалї намудани барномаю стратегияњои давлатї аз манфиат холї нест.

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паём ба Маљлиси Олї «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» доир ба ватандўстї сухан гуфта, аз љумла таъкид намуданд, ки «мо бояд мисли њамеша сарљамъу муттањид бошем, Ватанамонро сидќан дўст дорем, онро соњибї кунем, њисси баланди миллї дошта бошем, аз тољик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онњо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Воќеан њам њар яки моро мебояд ватандўсту ватанпараст бошем ва њаргиз фаромўш насозем, ки эњсоси гарми ватандўстї ва њисси баланди миллї омили асоситарин ва роњи муњимтарини рушди давлату љомеа мебошад. Зеро арзиши мафњуми ватандўстї барои тољикон эњсоси ирсї, меросї, таљрибавї ва њам таърихї аст. Ватандўстї таљрибаи зиндагии наслњову миллатњо аст, ки дар ёди таърихї, китобнавиштањо ва дар эљодиёти шифоњии халќ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбањо аст, зеро воситаи њифзи ватану истиќлоли он аст. Ин таљрибаи зиндагї аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслњо ва аз наслњо ба миллат ба мерос мегузарад он яке аз арзишњои миллї ба њисоб меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки барои баланд бардоштани њисси ватандўстї ва садоќат ба марзу буми мамлакат Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шањрвандон» аз 24 декабри соли 2022 ќабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Ќонун њадаф, усулњо ва самтњои тарбияи ватандўстї дар Љумњурии Тољикистон, асосњои њуќуќї ва ташкилии онро муќаррар намуда, муносибатњои вобаста ба ташкили заминањои њуќуќї, иљтимої, иќтисодї, ташкилї, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соњаи тарбияи ватандўстии шањрвандон муайян менамояд.

Ватандўстї эътиќод аст ва касеро маљбуран ватандўст намудан имкон надорад, вале арзишњои ватандўстиро дар тафаккури шањрвандон љой намудан ва ин арзишњоро ба эътиќоди онњо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва њамешагї аст. Яъне, ба тарбияи ватандўстии шањрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимї машѓул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадї давлату миллате муваффаќ мешавад, ки бењтарин ќуввањои зењнї ва илмию фарњангиашро ба ин љода равон намояд.

Дар шароити чахони зудтаѓйирёбанда ва тахдидхои муосир тахкими иќтидори мудофиавии чумхури, боло бурдани сатхи касбият ва омодагии харби, инчунин тарбияи насли наврас вазифаи мухими давлат ва чомеа боќи мемонад. Артиши милли имрўз ба неруи боэътимоде табдил ёфтааст, ки метавонад амнияти давлат ва оромии чомеаро хифз намояд. 23 феврали соли 2026 ба таъсиси Ќуввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон 33 сол пур мегардад. Дар ин муддат Артиши милли аз як сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму касби табдил ёфта, тахти рохбарии Сарфармондехи Олии Ќуввахои Мусаллах, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон бо масъулият баланди фаъолият мекунад. Артиш яке аз рукнхои асосии давлатдори буда, на танхо рамзи истиќлол, балки кафили хифзи он мебошад. Масъулияти химояи марзу буми чумхури, таъмини субот ва амнияти чомеа бар дўши хамин ниход аст. Ин рисолат рисолати шарафмандона аст, зеро хар нафаре, ки либоси харби ба бар мекунад, номи мухофизи Ватанро сохиб мешавад.

                                        ВАЛИЗОДА Р,

                       муовини якуми раиси суди шахри Турсунзода.