МИНБАРИ ХУКУК

 

РОХХОИ ПЕШГИРИИ ЧИНОЯТКОРИ

Равандхои сиёсию ичтимоии замони муосир аз чихати мазмуну мохият ва хусусиятхои амалишавии худ бо пуртазодию пешгўйинашавандаги фарк мекунанд. Ин аст, ки мухити ичтимои дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онхо эхсоси худнигохдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаходат медихад, ки таъсири василахои иттилооти ба хама равандхои сиёси рўз то рўз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онхо мушкил гашта истодааст.

Тахлили равандхои сиёсии чахони муосир нишон медиханд, ки хусусияти чалби харчи бештари субъектон ба онхо аз шакли оммави ба шакли фарди гузашта истодааст. Яъне, куввахои манфиатдор усули таъсиррасонии фарди ва алохидаро ба шахсиятхо пеш гирифта, дар ин раванд кўшиш менамоянд, ки харчи бештар аз шахсиятњои дорои хислатњои маргиналии ба муњити иљтимої пурра ворид нашуда ва аз љавонони камтаљриба истифода баранд.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилї ба васеъ будани фазои таъсиррасонї алоќаманд буда, амалияи њаррўза нишон дода истодааст, ки бо вуљуди таќвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила њанўз њам дар љомеа омилњои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танњо дар байни љавонписарон, балки дар миёни љавондухтарон низ моилшавї ба њизбу њаракатњои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилњои љалби онњо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва љањонбинии танг, тањмили ѓояњои ифротї аз љониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияњо аллакай гаравидааст, њаваси кўр-кўрона ба фарњанг ва арзишњои бегона, њолати рўњї ва эњсос, ноустуворї дар мавќеи худ ва итоаткории ѓуломона дар иљрои уњдадорињои оилавї мебошанд, ки боиси роњгумї ва бадбахтињои зиёд гашта метавонанд.

Тањлилњо нишон медињанд, ки яке аз омилњои гароиши љавонон ба равияњои бегонаю хавфнок ин дур будани онњо аз муњити иљтимої буда, маънои онро дорад, ки агар шахс љисман дар як муњити иљтимої бошад, рўњан дар муњити иљтимоии дигар аст. Аз ин рў, љалби њарчи бештари љавонону занон ба равандњои иљтимоии муосир омили зарурї буда, тавассути ширкати онњо имконияти муоширати иљтимої фарох мегардад.

Василаи муњими фаъолгардонии љавонону занон ин дар сатњи хуб амалї намудани корњои тарѓиботию ташвиќотї бањри боло бурдани маърифати сиёсї ва њуќуќии онњо мебошад. Бад-ин васила метавон устувории мавќеи онњоро таъмин намуда, бањри интихоби роњи дуруст ба онњо мусоидат намуд. Њамзамон лозим ба ёдоварист, ки ба омўзиши фанњои љамъиятї дар муассисањои тањсилоти олии касбї диќќати љиддї додан зарур аст. Зеро, дар баробари тарбияи дурусти касбї ва омода намудани мутахассиси дараљаи баланд, тарбияи инсони худшиносу худогоњ ва дорои фањмиши хуби равандњои сиёсї омили зарурї дар замони муосир мебошад. Зеро, мо метавонем мутахассиси хуб тарбия намоем, вале агар он эњсоси баланди ватандўстї надошта бошад, садоќат ва хизмат намудан ба ин давлату миллатро аз ў интизор шудан амри мањол аст.

Мањз аз њамин сабаб таъкидњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон   дар масъалаи наќши олимони љомеашинос дар тарѓиби мафкура ва ѓояњои миллї, тањќиќи масъалањои умумиинсонї вобаста ба тањаввулоти љањони муосир сариваќтї ва зарурї буда, воќеан њам таќвияти фаъолиятро дар ин самт таќозо менамоянд.

Самти асосии таъмини амнияти шахс, љомеа ва давлат ин пурзўр намудани наќши маќомоти њифзи њуќуќ њамчун кафили амалишавии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, бењтар намудани батанзимдарории њуќуќии пешгирии љинояткорї, аз љумла дар соњаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитњои ба ин гуна зуњурот мусоидаткунанда, рушди њамкории маќомоти њифзи њуќуќ бо љомеаи шањрвандї, баланд бардоштани боварии шањрвандон нисбати маќомоти њифзи њуќуќ ва низоми судї, самаранок њифз намудани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон дар хориљи кишвар ва тањким бахшидани њамкории байналмилалї дар соњаи таъмини амнияти миллї ба њисоб меравад.

Пешгирии љинояткорї дар шароити муосир яке аз омилњои асосии таъмини субот ва оромї дар љомеа ба њисоб рафта, он ба таъмини њифзи њуќуќу манфиатњои шањрвандон, баланд бардоштани фарњанги њуќуќї ва тарбияи њуќуќии ањолї бояд мусоидат намояд.

Ба чорањои техникї роњу тарзњои гуногуне, ки барои нодуруст нишон додани миќдор ва сифати мањсулот дар ваќти истењсол, фурўш ва таќсими мањсулот, мубодилаи бонкї, дуздии молу мулк, пайдошавии њолатњои таъљилї, сўхтор ва ѓайра монеа мешаванд, мансуб мебошанд.

Њамин тариќ, бояд тазаккур дод, ки барои таъмини муътадили рушди суботи љомеа наќши омилњои пешгирисозандаи љинояткорї сањми муњимро доро мебошад.

 

                                                        Далер АЛИЗОДА,

                                                        раиси суди шахри Турсунзода.