Табрикоти муовини якуми Раиси суди шаҳри Турсунзода бахшида ба 34-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 06 сентябри соли 2025 Муовини якуми Раиси суди шаҳри Турсунзода муҳтарам Вализода Р. дар якчояги бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Турсунзода мачлиси идона гузаронида, ҳозиринро бо фарорасии муқаддастарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик – 34 солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу карданд.
ЛАВХА АЗ ТАБРИКОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ СУД — ВАЛИЗОДА Р.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст.
Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳак зикр намуданд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Бори дигар, ҷашни 34-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатиро ба Шумо таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан мароми ҳамешагии мо хоҳад буд.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!