Иқдоми роҳбарияти суди шаҳри Турсунзода ҷиҳати ободкориву созандагӣ

Созандагиву ободкорӣ, ба гулзор табдил додани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр мақсади асосии шаҳрдорӣ буда, имрӯзҳо ин амали нек ба таври дастаҷамъона анҷом дода мешавад.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ташаббуси роҳбарияти суди шаҳри Турсунзода бо роҳбарии ичрокунандаи вазифаи Раиси суд муҳтарам Вализода Р. дар ҳудуди дохилу атрофи суд корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуд. Кормандони суди шаҳри Турсунзода дар якчояги бо кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба таври дастаҷамъона шафати роҳҳо, ҷуйҳо, кӯчаву хиёбони атрофи бинои судро тозаву азнавсози карданд.
Ҳадафи асосии роҳбарияти суди шаҳри Турсунзода аз роҳандозии ободкориву созандаги, тозаву озода нигоҳ доштан ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандустии шаҳрвандон мебошад.
Амалӣ намудани иқдомҳои созанда ва ба таври муташаккилона ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ имкон фароҳам овардааст, ки шаҳри Турсунзода ва дар симои он суди шаҳри Турсунзода тадриҷан ободу зебо гардида, на танҳо як бинои маъмури, балки макони адолат ва ҳифзи ҳукуки чомеъа гардидааст.
Ичрокунанда:
Котиби матбуоти Чобирзода М.