ПАЁМ – ҲИДОЯТГАРИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба куллӣ ҳама ин асноди роҳнамо таҳлил ва тартиби гузориш, таҳлилу пешгӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, барнома ё дурнамои мукаммали фаъолияти давлат дар давраи кӯтоҳмуддат ва оянда мебошад ва он бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талош барои муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат пешниҳод мегардад аз ин рӯ, табиист, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ аз маркази диққати аҳолии мамлакат дур буда наметавонад.
Сарвари давлат дар баробари мавҷудияти Конститутсия дар давлат ва ҷомеа ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои муҳими давлатӣ ва давлатдорӣ, инчунин ба нақши фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии он, ки бештар чунин фаҳмиши масъала ба олимону хирадмандони барҷастаи таърихи илм марбут аст, аҳамияти аввалиндараҷа дода, бо ҳамин дар кушодани моҳияти васеи илмии ин санади воло донишҳои бениҳоят қавии илмӣ зоҳир менамоянд.
Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паём ҳамеша волоияти қонун, риояи ҳатмии талаботи он аз ҷониби намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеаро таъкид намуда, аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меоваранд, ки ба асноди ҳуқуқӣ ва махсусан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо биёваранд.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон иброз намуданд, ки: «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Конститутсияи мамлакат Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд”.
Дар Паёми Пешвои миллат аз 21 декабри соли 2021 низ аз қабули Конститутсияи мамлакат ва нақши он дар ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ ёдовар гардида шуд. Аз ҷумла, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоон таъкид намуданд, ки “Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд. 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.
Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид”.
Ҳамин тариқ, аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки Сарвари давлат ба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози давлат ва миллат эҳтиром ва муносибати ҷиддӣ доранд.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо уҳдадорем, ки ба Конститутсия арҷ гузорем, меъёрҳои онро риоя ва волоияти онро таъмин созем, арзишҳои умумибашарӣ ва миллии дар он эълонгардидаро чун гавҳараки чашм эҳтиром ва ҳифз намоем. Маҳз самараи ҳамин гуна муносибат ба Конститутсия моро ба қуллаҳои нав ба нави музаффариятҳо мерасонад.
Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода