СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ФАРМОИШ

Аз __  __  __ сол                №__                    шаҳри Турсунзода

Бо мақсади амали намудани иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», мутобиқи қисми 2 моддаи 83 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 1 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»,

Фармоиш медиҳам:

Намояндаҳои расмии суд оид ба ҳамкорӣ ба воситаҳои ахбори омма шахсони зерин ваколатдор карда шаванд:

Вализода Р. муовини якуми Раиси суд

Чобирзода М.Ч. котиби суд

Шахсони ваколатдор вазифадор карда шаванд, ки ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.

Иҷроиши Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси суд вогузор карда шавад.

Асос: моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва амри ман.

Раиси суд                                                          Ализода Д.