ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ЯКДИЛИЮ ЯКДИГАРФАҲМӢ

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки раис ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Турсунзода ҷаласаи корӣ ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Раиси суди шаҳри мазкур Ализода Д. қайд карданд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи муқаддас дар саросари кишвари паҳновару соҳибихтиёрамон гурӯҳ-гурӯҳ одамон бо ифтихору ғурур аз давлату давлатдорӣ дар даст парчамҳо қадам мезананд.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамасола 24-ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат дар фазои амну суббот, ваҳдату ҳамраъйӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил мегардад, ки ин нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас аст. Сокинони мамлакат ҳамасола ин ҷашни муқаддасу бошукуҳро ботантана таҷлил намуда, сол ба сол ба он шукуҳи тоза ато мекунанд. Зеро ҳар як фарди кишвар баробари нигоҳ кардану ба даст гирифтани Парчами миллӣ вуҷудашро ҳисси ифтихор ва аз ватану ватандорӣ фаро мегирад, ки ин гувоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангсолору соҳибтамаддун будани мардуми куҳанбунёди мост. Дар воқеъ мавҷудияти ин волотарин муқаддасоти миллӣ тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ боиси боз ҳам устувортар гардидани ваҳдати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва як идда бунёдкориҳо гардад. Парчами миллии мо барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдориамон, ифодагари марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии хирадмандонаи абармарди олими сиёсат, чеҳраи намоёну мондагору таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.

Сипас, Назарзода М.– судяи суди мазкур баромад намуда, иброз доштанд, ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошт, ки ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами давлатӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.   Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза, барафрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати “Рўзи парчам” аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва қайд карда буданд:

Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории

Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Барои ҳар фарди бонангу ори кишвари соҳибистиқлоламон боиси ифтихору саодат аст, ки Парчами давлатӣ ба тарғибу ҳифзи дастовардҳои кишвар, пойдории сулҳу субот, ҳамзистии осоишта, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз пайваста чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо афрохтани Парчами давлатӣ дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон зиндагии худро таҳти партави нури ҳаётбахшу роҳнамои ин рукни муҳими арзишҳои миллӣ пеш мебаранд. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои мамолики узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ дорад.

Дар охир андешаҳои хешро пиромуни ин рамзи муҳими давлатӣ бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима мебахшем: «Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!».

котиби суд оид бо парвандахои чиноятии суди шахри Турсунзода.