ОЯНДАИ МО АЗ ИНТИХОБИ МО ВОБАСТА АСТ

Имрўз таваччухи беандозаи њар яки мо ба рафти омодагихо ба маъракаи мухими сиёси – интихоботи навбатии Президенти Чумхурии Точикистон равона гардидааст. Зеро аз баргузори ва натичаи нихоии ин маърака – чорабинии сиёси, ки бо номи интихобот сурат мегирад, чараёни хаёти сиёсиву ичтимоии кишвари Точикистон ва мардуми он муайян мегардад.
Тавре хамарўза эхсос ва мушохида мегардад, вазъи имрўзаи кишварамон дарку эњсоси нави арзишхои фархангию миллиро таќозо менамояд. Ин раванд дар чараёни ташаккулёбии як давлати тозаистиклол табиист. Зеро баробари ба даст овардани истиќлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии милли, таваччух ба унсурхои сохтори давлатдори, эхёи сохторхои давлати милли, мероси таърихии халќи худ, забони милли, анъанахои фархангию маърифати ва гайраро таќозо дорад. Тавре таърих собит намудааст, ташаккули хар як давлати сохибистиќлол пеш аз хама ба ин анъанахо ва ба дарки мансубияти милли, ки таърихи хар як халќро тачассум месозад, ба мухити табии ва дастовардхои гуногуни хаёти маънави такя мекунад. Хар миллат ва хар давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехохад, хатман аз ин падидахои барои инсоният арзишманди таърих истифода мекунад. Аз ин чост, ки хар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихи манфиатхои миллат, давлат ва наслхои ояндаро ба инобат мегирад. Хушбахтона, халќу миллати сохибтамаддуни мо низ бо бахрабардори аз таърихи худ, аз имрўза сохибихтиёрии худ ва бори дигар хандидани бахт ба рўи миллат аз манфиатхои милли ва худшиносии милли химоя менамоянд, бедории милли ва худшиносии миллатро дар ќалбу зехни худ насл ба насл чой менамоянд.
Чун яке аз рукнхои бунёди давлатдори ин интихоботи Сарвари давлат – Президенти кишвар мебошад, ин рўйдод барои мардуми мо низ чун дигар мардуми давлатњои хуќуќбунёд воќеияти такдирсоз махсуб меёбад. Интихоби хирадмандонаи Рохбари давлат аз тарафи чомеаи шахрванди ин кафили суботи чомеа, рушди кишвар ва осудагии хар хонадон аст. Аз ин хотир, мардуми шарифи Точикистон тараддуди онро доранд, ки дар рафти ин маъракаи мухими сиёси яъне интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон, ки мустаќиман ба сарнавишти миллат ва рўзгори худи онхо таъсиргузор аст, фаъолона иштирок намуда, бо такя ба хирад ба номзади арзанда овоз диханд.
Аслан ин сахми хар як шахрванди ватандўст дар эъмори чомеаи навин аст. Мардуми шарифи Точикистон бояд номзади пешбаринамудаи хизберо чонибдори кунад, ки фаъолияти ин хизб бештар чомеаро фарогир буда, натичахои фаъолияти пурсамари он ва маъруфияташро дарк кардаанд. Номзади пешбаришуда бояд сазовори ваколати халќи кишвар бошад, шахсияташ шинохтаи мардум буда, фаъолияти сиёсиаш дар пояи музокиротњо бо тамаддунхои олам бошад. Мусаллам аст, ки чунин номзад хамчун Рохбари рохнамо ба нафъи Ватану миллат хизмат намуда, мардум аз натичаи интихоб ва овоздихии худ ба чунин номзад ќаноатманд хохад буд.
Мардуми бофархангу хирадманди Точикистон хамеша ба ояндаи дурахшон умед дошту минбаъд низ ба фардои худ назари нек дорад. Имрўз хар яки моро зарур аст, ки дар чунин лахзахои таќдирсоз пеш аз хама, бояд аз чихати маънави бедору хушёр бошем, дилсўзи миллату давлати худ буда, бетафовутиро як сў гузорем ва бо дилу нияти соф бо хотири ояндаи худ ва миллат, ободии диёрамон, рушди кишварамон, устувории пояи давлати тозаистиќлоламон дар рафти омодагињо ва рўзи баргузории интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон фаъолона сахмгузори ва иштирок намоем. Ин андеша бояд иродаи моро рохнамои кунад: ояндасозу сарнавиштсози халќи кишвар ва миллат танхо худи моем, дар ин рох ба чуз Худованд касе дигар моро бегаразона дастгири нахохад кард. Мо бояд намунаи тахаммулгарои бошем, яъне хангоми пешбурди корхои омодаги ба интихобот ва дар рафти ин маъракаи барои мардум таќдирсоз маданияти баланди сиёсиву хуќуќи нишон дихем. Дастачамъиву хирад ва нияти неки мо дар раванди ин маърака бояд ба тахкими минбаъдаи вахдати милли ва суботи чамъиятиву сиёси дар Точикистон азизамон мусоидат намояд.
Бо хотири он, ки фарзандони мо фардо дар як давлати ваќеан муќтадиру тавоно ва аз лихози ичтимоиву иќтисоди пурќудрат зиндагии шоиста дошта бошанд, худи мо имрўз бояд масъулиятшинос бошем. Тавре дар боло ќайд гардид, таќдирсози миллат ва ояндасози давлат худи моем: иштироки фаъоли мо ва иродаи мо дар рафти интихобот ояндаи мову фарзандони моро муайян хохад намуд. Аз ин лихоз, хамчун ояндасози фардои худ ва фардои миллат дар рафти интихобот фаъол бошем ва иродаи худро бо такя ба хирад изхор кунем, ба номзади арзанда овоз дихем.
НАЗАРЗОДА М,
судяи суди шахри Турсунзода.