МАРДЕ, КИ БАРОДАРОНИ НОБОЛИГИ ХУДРО БАРОИ СОДИР НАМУДАНИ ЧИНОЯТ ЧАЛБ КАРД, МАХКУМ ШУД
Бо ҳукми суди шахри Турсунзода аз 30 июли соли 2019 шаҳрванд Ю.И.С., сокини шахри Турсунзода, бо моддаҳои 165 қисми 1, 32 қисми 3 – 244 қисми 2 бандҳои «а,б» ва 244 қисми 2 бандҳои «а,б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати ӯ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 солу 6 моҳ, бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.
Ю.И.С. барои он маҳкум карда шуд, ки ў рўзи 02 апрели соли 2019, хангоми дар дохили бозори марказии шаҳри Турсунзода карор доштанаш, бо максади ҷалби ноболиг ба содир намудани ҷинояти дузди дар якоҷягӣ бо бародараш — ноболиг Э.Ч.С., санаи таваллудаш 30 апрели соли 2005 бо таври пинњонӣ аз дохили хавлии ошхонаи даруни бозор як адад аробаи дучархаи калон, ки ба шањрванд Дж.А.А. тааллук доштааст, пинхонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Баъдан онро ба маблаѓи 200 сомони ба фурӯш бароварда, маблагхои ба даст овардаашро барои манфиатњои шахсиаш сарф намудааст, ки дар натича ба чабрдида Дж.А.А. ба маблаги 700 сомони зарари ҷиддии моддӣ расонидаанд.
Боз ў, б ҳамин тарзу восита, такроран, санаи 03 апрели соли 2019, тахминан соати 07:30 даќиќа дар якҷоягӣ бо ноболиѓ Э.Ч.С. як адад аробаи дучархаи калони боркашонӣ, арзишаш 600 сомонӣ, ки ба шахрванд Д.Н.М. тааллуќ дошта, санаи 03 апрели соли 2019, тахминан соати 18:30 даќиќа дар якљоягӣ бо ноболиѓ Э.Њ.С. як адад аробаи дучархаи ба шањрванд Љ.С.А. тааллуќ дошта, санаи 05 апрели соли 2019, тахминан соати 10:30 даќиќа бо ноболиѓ Э.Њ.С. як адад аробаи боркашонии арзишаш 800 сомонӣ, ки ба шањрванд Ш.Б.М. тааллуќ дошта, санаи 06 апрели соли 2019, тахминан соати 09:20 даќиќа бо ноболиѓ Э.Њ.С. як адад аробаи боркашонии арзишаш 800 сомониӣ, ки ба шањрванд Х.А.Дж. тааллуќ дошта, санаи 07 апрели соли 2019, тахминан соати 07:30 даќиќа бо ноболиѓ Э.Њ.С. як адад аробаи боркашонии аризишаш 800 сомонӣ, ки ба шањрванд К.Ш.З. тааллуќ дошта ва санаи 11 апрели соли 2019, тахминан соати 14:00, бо ноболиѓон Эргашев Њ.С. ва З.Њ.В. як адад аробаи боркашонии арзишаш 850 сомонӣ, ки ба шањрванд К.М.М. тааллуќ доштаро тасарруф намуда, аз њодиса ѓайб задаанд, ки дар натиља ба љабрдидагон зарари љиддии моддӣ расонидаанд.
Суд бо назардошти бори аввал ҷиноят содир намудани Ю.И.С., ба гуноҳаш пурра иқрор ва аз кардааш самимона пушаймон буданашро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои минималии маҳрум сохтан аз озодиро таъин намуд.
Ҳамзамон, суд муайян намуд, ки маҳкумшуда Ю.И.С. дар оилаи носолим ба воя расида, расман дар ягон ҷой кор намекунад ва мунтазам бо ҷалби бародарони ноболиғаш даст ба содир намудани ҷиноят задааст.
Њолатњои мазкур аз он шањодат медињанд, ки ба сокинони шаҳри Турсунзода аз љониби раисон ва фаъолони маҳаллаҳо бањри пешгирӣ намудани содиршавии љиноят ва дигар њуќуќвайронкунињои маъмурї аз тарафи онҳо корҳо фаҳмондадиҳӣ гузаронида нашуда, чорањои зарурї андешида намешаванд, ки ин ҳолатҳои боиси аз ҷониби онҳо даст ба содир намудани ҷиноят задан мегардад.
Суд, бинобар асосњои дар боло зикршуда, бо маќсади дар оянда роњ надодан ба чунин камбудињо, барои чораҷўи намудан таъиноти хусусии маљлиси судро ба унвони сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шањри Турсунзода ирсол намуд.
Муовини якуми Раиси
суди шахри Турсунзода Вализода Р.
котиби суд
Чобирзода М.