Истиклолиятро чун гавхараки чашм хифз намоем

Истиќлолияти давлатии Точикистон санаи бузурги таърихии миллати куханбунёди мо буда, 9 сентябри соли равон 29-солагиашро бо як тантанаву шукўх  ва рухбаландии сиёси истиќбол мегирем. Ва хар боре, ки таърихи эълони истиќлолияти комили давлатамонро вараќ занем, бараъло ба хотир меорем, ки дар рўзхои аввали сохибихтиёри шахсони алохида ва ќуввахои сиёсие зухур карданд, ки хадафхои ѓаразноки хешро аз манфиатхои умумимилли ва давлати болотар гузоштанд ва нихоят Точикистони азиазмонро ба гирдоби чанги шахрванди кашиданд. Ин чанги бемаъни ба кишвар хисороти зиёди моливу чони овард. Хатто хавфи аз байн рабудани давлати тозаистиќлоли моро ба вучуд оварда, миллати точикро сахт ба ташвиш гузошт.

Ичлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Чумхурии Точикистон, ки мохи ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби шахри Хучанди бостони баргузор гардид ва чанд рўз давом кард, баробари интихоби Сарвари нави давлат, роххои пешгири кардани низои шахрвандиро дар кишвар  муайян намуд. Хушбахтона, бо чахду талошхои Сарвари навинтихоби давлат, марди оќилу доно Эмомали Рахмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат оташи чанги бародаркуш хомўш гардид. Ва гуфтушунидхои Сарвари давлат бо оппозитсияи точик бор оварду дар кишвар вахдати милли пойдор гардид. Фирориён ба Ватан баргаштанд. Албатта, бо талошхои Рохбари давлат.

Воќеан, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон  дар тўли 29 соли Истиќлолият давлатдории точикон тахкими нав гирифт, хаёти сиёсиву иќтисодии  мамлакат  рушду такомул ёфт  ва барои хаёти осоиштаву арзандаи мардум заминаи боэътимод  гузошта шуд. Мехнати софдилонаи мардуми гуногунмиллати мо буд, ки Ватанамон рў ба ободиву шукофои ниход. Ва дар ин давра сатхи худшиноси, асолати ватандори ва ифтихори миллии  мо хеле боло рафт, неруи бузурги созандаги ва бунёдкории мардуми кишвар зухур кард. Хушбахтона, имрўз эхсос мекунем, ки хиради азали ва хувияти милли моро барои барпо кардани давлати демократи, хуќуќбунёд, дуняви ва ягонаи Точикистони сохибистиќлол хидоят месозад,  орзуву омоли чандинасраи моро амали мегардонад.

Агар аз адл харф бизанем, Точикистони сохибистиќлолро беш аз 160 кишвари чахон бо расмият  мешиносад, бо онхо муносибатхои дипломативу  иќтисоди дорад. Ва хар сайёхе, ки ба кишвари фирдавсосои  мо меояд, шефтаи манзарахои нотакрор ва мардуми мехмоннавози он мешавад. Аммо, душманони миллат-нахзатихо  ё кабирихо ободиву шукуфоии Ватани моро дида натавониста, дар оташи хасад месўзанд. Бо хар рох мехоханд оромии кишварро халалдор созанд. Онхо хамон хоинону террористонанд, ки дар солхои чанги шахрванди хазорон одамони бегунохро ба шаходат расонида, хазорон  кўдаконро ятим кардаанд, хонахоро оташ заданд. Имрўз хам мехоханд ин амали нопоку золимиашонро такрор созанд. Миллати хирадманди мо бо вахдату ватандўсти рох намедихад, ки он манфурон ба маќсади нопокашон бирасанд.

Пешвои муаззами миллат Эмомали Рахмон дар рохи хифзи истиќлолият моро хушдор дода, таъкид кардаанд: “Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби чахоншави ва тахдиду  хатархои торафт афзояндаи  замони муосир моро хушдор медиханд, ки нисбат ба хар ваќти дигар хушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надихем ва давлати сохибистиќлоли худро аз таъсири тазодхои чахони имрўза эмин нигох дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем”.

Бахусус, чавононро мебояд, ки неруи пешбарандаи чомеа ва ояндаи миллатанд, ба ин таъкиди Сарвари давлат ахамияти чидди диханд, бо зиракии сиёси аз доми душманони миллат ва террористон  дури чўянд, Ватанро аз чон  бештар дўст доранд, бо бозувони тавоно ва дониши амиќу мехнати ахлона барои боз хам ободу зебо  намудани Точикистони  азизамон бештар саъй намоянд. Ва дар интихо боз ёдовар мешавем аз гуфтаи Пешвои муаззами миллат: “Мухимтарин вазифаи шахрванди ва ќарзи фарзандии хар як сокини  мамлакат, бахусус наврасону чавонон, аз он иборат аст, ки Точикистони азизамонро сидќан дўст доранд ва онро чун гавхараки чашм хифз намоянд”.

 

АЛИЗОДА Д.,

раиси суди шахри Турсунзода.