ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ БАРҚ.

Сарфаи неруи барқ кори ҳамагон аст

Бо назардошти он ки истифодаи энергияи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

                                                                                                                                                                                Вализода Р.

Рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир моро водор месозад, ки дар тамоми зинаҳо, аз ҷумла истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодаи барқ тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин нуктаи назар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, таъкид карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир андешанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрел Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

Лоиҳаи ин санад дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.

Тавре масъулин иброз доштанд, «дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа онҳо ба иқтисодиёти мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд».

Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.

Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.

Тавре аз таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бармеояд, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду воситаи асосӣ пешниҳод мегардад.

Яке афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.

Як нуктаи дигар низ хеле муҳим аст, яъне сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соат неруи барқи барои ҳама зарурӣ роҳ надиҳанд. Сарфаи беҳуда, аз ҷумла сарфаи барқ низ нишонаи маданияти баланд нест.

 

Муовини якуми Раиси

суди шаҳри Турсунзода:    Вализода Р.