Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

2 марти соли 2025 кормандони суди шаҳри Турсунзода бо роҳбарии ичрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Турсунзода муҳтарам Вализода Р., дастачамъона барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №50 дар ҳавзаи интихоботии якмандатии №5-и шаҳри шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Сараввал муҳтарам Вализода Р. дар участкаи интихоботии №50 дар асоси талаботи қонунгузории кишвар ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд. Баъдан, судяи суди шаҳри Турсунзода Иброҳимзода З. ва дигар кормандони суди шаҳр ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда овоз доданд.
Зимнан дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, сокинони маҳаллаи гирду атрофи участкаи интихоботии №50, чун дигар сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз медоданд.