БЕЭҲТИЁТИИ РОНАНДА БОИСИ МАРГИ ПИЁДАГАРД ШУД
Ҷиҳати таъмини низом дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд ду омил муҳим аст: огоҳии шаҳрвандон аз муқаррароти қонунҳо (маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон) ва таъмини риояи ҳатмии онҳо. Чун давлати мо мустақил ва Конститутсияи худро дошта, ҳуқуқбунёд аст, волоияти қонун дар кишвар омили асосии суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва омили рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ифодакунандаи ҳуқуқҳои мардуми кишварамон буда, беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро инъикос менамояд. Таҷрибаи давлатдорӣ собит намудаанд, ки риояи ҳама гуна қонунҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрии дохиливу байналхалқӣ, қабл аз ҳама, барои осудагӣ ва оромӣ дар ҷомеа замина мегузоранд.
Мутаасифона, ноогоҳӣ аз муқаррароти қонунҳо ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боиси пайдоиши омилҳое мегарданд, ки на танҳо ба халалдор гаштани суботу оромии ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ мусоидат менамоянд, ҳамчунин боиси аз ҳаёт маҳрум шудан ва ҳалокати инсонҳо шуда метавонанд. Ҳар парвандаи маъмурӣ ва ё ҷиноӣ, ки аз тарафи суд мавриди баррасӣ қарор мегирад, боз як далели он ҳолатест, ки яке аз ду омили дар боло гуфташуда аз тарафи нафари ҷиноятсодиркарда ва қонунвайронкунанда сарфи назар шудааст.
Чунин як парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории З.А., зодаи шаҳри Ҳисор, санаи 13 январи соли 2022 дар маҷлиси сайёри судӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода баргузор гардид, баррасӣ гашт.
Суд муайян намуд, ки З.А. санаи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар канори рости роҳи мошингард пиёдагард С.С., ки дар ҳолати мастӣ хобида буд, пахш менамояд. Дар натиҷа С.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъди ду соат дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав ба ҳалокат мерасад.
Муайян шуд, ки воситаи нақлиёти дар он лаҳза таҳти идораи З.А. қарордошта, ҳолати хуби техникӣ дошт ва дар роҳи рости мошингарди мумфарши сатҳи болоияш хушку бенуқсони шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода бебор ва бемусофир, аз суръати муқарраршуда зиёдтар, яъне аз рӯи суръати тахминан 80 км\соат ҳаракат мекард. З.А. ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард, ҳамчун ронанда талаботи банди 132-и “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ронандаи воситаи нақлиётро уҳдадор месозад, то дар маҳалҳои аҳолинишин ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати на зиёда аз 60 км/соат ва дар минтақаҳои истиқоматию ҳудуди ҳавлиҳо на зиёда аз 20 км/соат иҷозат дода мешавад ва талаботи бандҳои 130, 131,198 сархати 4-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Дар сурате, ки ӯ ҳангоми интихоби суръати ҳаракат бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ ба самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор мегирифт.
Тибқи муқаррароти Қоидаҳо шабона ва (ё) ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ ба самти ҳаракат боздошта тавонад. Ҳамчунин, ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ӯ вазифадор аст, фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад, суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд ва дар ҳамаи дигар мавридҳо барои рафъи эҳтимолияти бурдани чашми ронандагони воситаҳои нақлиёти чи самти муқобил, чи ҳамсамт ҳангоми бурдани чашм ронанда бояд сигнали чароғи нурии садамавиро ба кор андозад ва хатти ҳаракати худро тағйир надода, суръатро паст намояд ва бозистад.
Мутаассифона, ронанда З.А. бо риоя накардани ин қоидаҳо беэҳтиётӣ ва худбоварӣ зоҳир намуда, хатари дар пеш ба вуҷудомадаро ба назар нагирифт ва суръати автомашинаро аз меъёри муқарраршуда зиёд намуд. Илова бар ин, ҳангоми бурдани чашмонаш аз тарафи ронандаи самти муқобил автомашинаашро дар ҷояш манъ накард. Дар натиҷа, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, пиёдагард С.С.-ро, ки ҳамагӣ 41 сол дошт, пахш намуд ва дар натиҷа номбурда ба ҳалокат расид.
Бо назардошти маводу далелҳои доир ба парвандаи мазкур ҷамъовардашуда ва ҳолатҳои воқеъии кор суд айби нисбати судшаванда З.А. эълоншударо дуруст ҳисоб намуда, бо моддаи 212 кисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, банду баст намуд ва бо дастрасии моддаҳои дахлдори КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро гунаҳкор дониста, бо ҳукми худ нисбаташ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин кард.
Чуноне қаблан таъкид гардид ва аз мазмуни ҳукми суди шаҳри Турсунзода нисбати кирдори З.А. дарк кардан мумкин аст, на танҳо тинҷиву субот дар ҷомеа ва осудагии рӯзгори мардум, инчунин, амнияти солимӣ ва ҳаёти инсонҳо (ҳам ҷинояткору ҳам ҷабрдида) низ аз огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқии худи шаҳрвандон, риоя ва амалӣ гардонидани ҳар як нуқтаи қонунҳои амалкунандаи кишвар аз ҷониби онҳо вобастагии бевосита дорад.
Далер АЛИЗОДА,
Раиси суди шаҳри Турсунзода