ҶАМЪОМАДИ ТАТАНАВИИ КОРМАНДОН БАХШИДА БА РӮЗИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Санаи 24 октябри соли 2024 дар Суди шаҳри Турсунзода бахшида ба рӯзи мақомоти судӣ чорабиниӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳри Турсунзода, Раиси шахр ва дигар роҳбарони макомотҳо, инчунин кормандони суди шаҳр ширкат доштанд.

Сараввал Раиси шаҳр муҳтарам Акрамзода П. судяҳо ва дигар кормандони дастгоҳи судро бо иди касбиашон табрик намуда, кормандонро бо ифтихорнома ва мукофотҳо кадрдони карданд.

Дар чорбании мазкур Раиси Суд ҳамаи кормандонро бо ин рӯзи касбиашон табрик намуда, кормандони дастгоҳи судро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. Баъдан, таъкид доштанд, ки мақомоти судӣ дар кишвар яке аз ниҳодҳои муҳиму калидӣ баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа буда, фаъолияти мустақил дорад.

Аз ин рӯ ҳамаи кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ саҳми арзандаи хешро дошта бошанд ва ба халқу миллати хеш бо дасту дили нияти пок хизмат намоянд.

Дубора дар охир Раиси Суд ҳамаи кормандони мақомоти судии мамлакатро табрику таҳният намуда,  ба кормандони Суди шаҳр барои фаъолияти пурсамарашон ибрози миннатдорӣ намуда, барои иҷрои вазифавии минбаъдаашон бурдбориву пешравӣ таманно намуданд.