
ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН (зуҳуроти нангин)
“Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва бо роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Самтҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст зиёдшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ба шумор меравад. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон нишон дод, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Сабабҳои асосии сар задани ин қабил ҷиноятҳо, ки имрӯз сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, ба як қатор омилҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ (субъективӣ) асос ёфтааст.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбии худ аз паёмадҳои манфӣ низ холӣ набуда, воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигарон, ки тавассути филмҳои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютерӣ ба ҳаёти мо дохил мешаванд, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро фосид менамоянд.
Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти ҷаҳонро хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш ва бад-ин васила коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад. Ҳамчунин ин суханон ба он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуди фарзанди хеш саҳмгузор бошанд.
Наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, миёни ҷиноятҳои гуногун дуздии амволи ғайр мавқеи асосиро ишғол мекунад. Табиист, ки ин намуди ҷиноят нерӯи зиёди ҷисмониро талаб намекунад, аз ин рӯ он метавонад ҳанӯз аз хурдсоли дар рафтори кӯдак мушҳоҳида гардад ва сари вақт аз ҷониби калонсолон ислоҳ нагардидани он, амали кӯдак ва бинобар ин борҳо такрор гардидани он метавонад тадриҷан ба одат табдил ёбаду дар солҳои наврасӣ боиси бештар ба ин намуди ҷиноятҳо даст задани ноболиғон гардад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон инчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мекунад. Ҳамчунин бо ҳамин мақсад ва бинобар сабаби атрофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо зимни бурдани корҳо оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасон доир ба аз кадом лаҳза ҷавобгарии юридикиро пайдо кардани амали ҷинояткоронаи онҳо маълумот додан лозим аст.
Бошуурона дарк кардани меъёрҳои ахлоқ ва ҳамеша риоя кардани он аз тарафи наврас бешубҳа барои ӯ фаҳмонидани меъёрҳои ҳуқуқиро осон мегардонад. Дар инҷо нақши падару модар хело бузург аст , чунки маҳз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқ шинос намуда, зарурияти риоя кардани онҳоро фаҳмонанд ва бад – ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар ду дар якҷоягӣ таъмингари пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни наврасон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд” аз ин лиҳоз бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурд ва наврасонро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро, агар маҳкум накунем, фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва қонуншиканиҳо зиёд хоҳад шуд.
Раиси суди
шахри Турсунзода: Ализода Д.