ВАҲДАТ ПОЯИ РУШДИ МИЛЛАТ

Сарнавишти ҳар як миллатро марҳилаҳое таъин месозанд, ки дар он иродаи халқ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Барои мардуми тоҷик чунин як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз – Ваҳдати миллӣ мебошад, ки на танҳо ба хатми як ҷанги харобиовар, балки ба оғози як марҳилаи нави давлатсозӣ, субот ва рушд замина гузошт.
Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон маҳсуб ёфта ин мафҳум на танҳо рамзи иттиҳод ва якпорчагии мардуми тоҷик аст, балки асоси амният, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.
Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) рост омад, кишварро ба як гирдобе кашид, ки хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро ба миён овард. Дар чунин шароити вазнин, эҳёи сулҳ ва барқарории ваҳдати миллӣ ҳамчун ягона роҳи наҷоти миллат ба майдон омад. Бо раҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик тавонист бо хиради азалӣ, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ, Ваҳдати миллиро ба даст оварад ва пойдевори давлатдории муосирро бунёд гузорад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн ҷашн гирифта мешавад, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот сабт шудааст.Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки баъд аз соли 1997 Тоҷикистон ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, эҳё ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ қадами устувор гузоранд .
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинем, ки вожаи «Ваҳдат» дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии тамоми табақаҳои ҷомеаро дорад, новобаста аз миллат, мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ. Он кафолат медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафи ободии Ватан ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ муттаҳид шаванд. Имрӯз мо медонем, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз вартаи фано раҳоӣ бахшид ва ба сӯи рушду шукуфоӣ роҳнамоӣ кард.
Ваҳдати миллӣ танҳо як вожа нест – он арзиши маънавиест, ки дар заминаи таҷрибаи талхи таърих, хунрезиҳо, парокандагӣ ва маҳрумиятҳо шакл гирифт. Ваҳдат маънои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, гуфтугӯ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Он таҳкурсии тамоми иқдомҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 ҳамчун рушноии умед дар таърихи навини тоҷикон сабт гардид.
Аз нигоҳи андешаи сиёсӣ, ваҳдат падидаи аз сарнавишти инсонҳо ва ҷомеаҳо ҷудонашаванда аст. Ваҳдат ба маънии ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамфикрӣ, дар зери як парчам, бо ҳадафҳои умумӣ ва ормонҳои воло мебошад. Ин ормон дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад. Ба қавли бузургони ин сарзамин: «Қувват дар иттиҳод аст». Ин ҳикматро таърих борҳо собит намудааст ва таҷрибаи Тоҷикистон низ намунаи барҷастаи он мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки эҳёи фарҳанг, арзишҳо ва ормонҳои таърихии миллат буд. Он тавонист рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро дар ҷомеа барқарор созад ва миллатро аз нав ба давлати устувор ва суботи комил роҳнамоӣ кунад. Ин ваҳдат тавонист дар дили мардум эътимод ба фардо, умед ба рушд ва боварӣ ба нерӯҳои созандаи ҷомеаро дубора зинда кунад.
Имрӯз мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, Ватанро обод созем ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, дӯстии халқҳо ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ тарбия намоем.
Раиси суди
шахри Турсунзода: Ализода Д.