ХИЗМАТ БА ВАТАН ИФТИХОРИ ИНСОНИСТ

Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

 

«Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН.

Дар баробари дигар арзишҳои муқаддаси ватандорӣ хизмат ба Ватан, хусусан дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавонмард ифтихороти бузург ва мактаби обутоби мардонагист.

Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, марзу буми Ватани маҳбубамон маҳз ба дӯши ҷавонони ватандӯст гузошта шудааст. Ҳар як фарди бонангу номус аз ин вазифаи пурмасъул ифтихор бояд намояд.

Мувофиқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Меъёри мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, ин рисолатро сарбаландона ва бо ҳисси ватандӯстӣ адо карда, дар ҳимояи марзу буми кишвар аз мудохилаҳои дохилию берунӣ саҳми назаррас гузоштан боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои даъвати шаҳрвандони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шуда, ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.

Мутаассифона, имрӯз нафароне низ ҳастанд, ки арзишҳои миллиро сарфи назар карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан иҷро наменамоянд, ки ин кирдори онҳо оқибати ҳуқуқиро ба миён меорад.

Дар моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ муқаррар шудааст, ки барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.

Қисми 2-юми моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ ва қисми 3-и ин модда саркаширо аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳҳои ба худ расонидани зарар ба саломатӣ, бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар муқаррар кардааст.

Дар ин ҷо як нуқтаи муҳимро бояд зикр намуд, ки мувофиқи эзоҳи моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар даъватшаванда то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Имрӯз, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои маишии сарбозон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, заминаҳои моддию техникии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мегардад. Ин омил боиси он мешавад, ки шумораи зиёди насли ҷавон бобати сафарбар ба хизмати хақиқии аскарӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар як вақт ба мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии мамлакат мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, дар тамоми сатҳҳои таълиму тарбияи фарзандон, махсусан ҷавонписарон тарғиби ҳисси ватандорию ватанпарастӣ зарур буда, баргузории мунтазам ва мақсадноки чорабиниҳои тарғиботию маърифатӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор тақвият мехоҳанд.

 

Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода