Хабарҳои имрӯзиТоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои татбиқи пурраи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.
Дастуру супоришҳо ба масъулини вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, дода шуд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат аъзои ҳукумати мамлакат баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома барои татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Супоришҳо ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қойдаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.
———————————————————————
Аз 1 сентябр мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад
Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2020 маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа, инчунин андозаи стипендияҳои донишҷӯён зиёд карда мешавад.
Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нафақаҳо, стипендияҳо ва маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти буҷавӣ зиёд карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президент.
Аз 1 сентябри соли 2020 маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, идоракунии давлатӣ 15% ва маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа — 10% зиёд карда мешавад.
Инчунин андозаи стипендияи донишҷӯён барои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД — 15% зиёд карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки тамоми маошҳо ва нафақаҳо, бо дарназардошти афзоиши онҳо сари вақт пардохт шаванд.
Илова бар ин, бо дарназардошти пандемия ва таъсири омилҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат Президент супориш доданд, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода шавад.
Ҳамчунин зикр карданд, ки ҳамаи шаҳрвандон бояд барои зимистон ба миқдори кофӣ маҳсулот таҳия ва қоидаҳои меъёрҳои санитариро риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Президент аз 4 август, аз 1 сентябр ҳадди ақалли нафақа низ 15% зиёд карда шуд ва мутаносибан 207 ва 978 сомониро ташкил хоҳад кард. Андозаи нафақаи маъюбии иҷтимоӣ 50% аз ҳадди ақалли нафақа зиёд карда мешавад.
Тибқи ин қарор Сарвари давлат ба ҳамаи вазорату идораҳо супориш доданд, ки фавран барои татбиқи фармон «Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва зиёд кардани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти буҷавӣ, нафақа ва стипендия» тадбирҳо андешанд.
———————————————————————
Тоҷикистон 1 сентябр ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт
1 сентябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Дар маросими оғози расмии ҷорисозии низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, роҳбарият ва масъулини мақомоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.
Муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ба фаъолият оғоз намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳли толор табрик гуфта, онро қадами муассир дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Муовини аввали Сарвазир зикр кард, ки ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти марбутаи мамлакат, аз ҷумла Хадамоти гумрук ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, гузаришро аз шакли коғазӣ ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.
Зикр шуд, ки аз соли 2013 дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ», ки маблағгузораш Бонки Осиёгии Рушд аст, таҳлили қонунгузории соҳавӣ, механизм ва расмиёти маъмурии дохилиидоравии Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти ваколатдор оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин талаботи техникӣ ҷиҳати таҳияи низом аз ҷониби ширкати машваратии байналмилалии «Кроун Эҷентс»-и Британияи Кабир ба анҷом расонида шуд.
Дар ин замина шакли ниҳоии низом бо маҷмӯи амалҳое, ки мақомоти ваколатдор бояд барои қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мубодилаи иттилоот ва пешниҳоди хуҷҷати иҷозатдиҳию сертификат анҷом диҳанд, аз тарафи ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон омода гардида, давраи пилотии ҷорисозии он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд.
Гуфта шуд, ки чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин таҷрибаи гузариш ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб ёфта, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятиро танзим менамояд. Бо истифода аз низом соҳибкор метавонад аз нуқтаи гунонуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд ва барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд дастрас месозад.
Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди амалигардонии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Барои таъмини кори устувори низом эҳтиёҷоти вазорату идораҳои шомилшуда ва КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук дар доираи Лоиҳаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ бо техника ва лавозимот таъмин гардида, ширкати барномасоз бо дастгирии КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук 500 корманди ширкатҳои брокерӣ ва мутахассисони мақомоти шомилшударо омӯзонид. Ҳамчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низом бо пешниҳоди Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул шуд.
Дар маросими ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завкӣ Завқизода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода, намояндаи БОР ва ширкати барномасози «АйЮНетворкс» доир ба муҳимияти гузариш ба низоми мазкур сухан карданд.
Зикр шуд, ки ҷорӣ намудани низоми мазкур пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти алоқа, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Палатаи савдо ва саноат, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври электронӣ сурат мегирад. Мутобиқи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» КВД «Маркази Равзанаи ягона» вазифадор шудааст, ки дастрасии истифодабарандагонро ба низом таъмин намояд.
Роҳандозии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, содагардонии расмиёти савдо ва рушди тиҷорати байналмилалию дохилӣ, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, сарфаи вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ нақши муҳим мебозад.
——————————————————————————————————————————————
Дар партави дастурҳои Пешвои миллат барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия 52 парвози чартерии иловагӣ ташкил шуд
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи аз 1 то 15 сентябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 52 парвози чартерии иловагӣ бораи тадриҷан ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Федератсия Россия ба Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии COVID-19 қарор қабул намуд.
Бояд тазаккур дод, ки парвозҳои чартерӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия анҷом дода мешаванд.
«Ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Рӯйхатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд. Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Россия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.
Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тарзи электронӣ ба суроғаи charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.
Вазорат ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 22 июл ҷониби Россия дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Россия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда шуд. Ҷониби Россия дар навбати худ иттилоъ дод, ки санаҳои барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, парвозҳои чартерии зерин аз 1 то 15 сентябр ба нақша гирифта шудаанд:
— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Краснодар-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Иркутск-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Сочи-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Красноярск-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.
________________________________________________________________________________
COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,0%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 1 сентябр ба 8619 нафар расид. Бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
То имрӯз дар мамлакат 7413 (86,0%) гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 69 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 83 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд»
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.